- оин
- I[آئين]1. расм, урф, одат, тарзу тариқ, қоида; оини вафо расму тарзу қоидаи вафодорӣ; оини падарон оини ниёгон; расму одатҳое, ки гузаштагон ба он пайравӣ мекардаанд2. шариат, мазҳаб, кеш, дин, суннат, тариқат3. ҷашн, сур4. шева, оҳангII[آئين]ороиш, зинат; оин бастан оростан, зинат додан (мас., ҷоеро ба муносибати ҷашне)III[آئين]асбобе, ки бо он мост ва равғанро аз ҳам ҷудо мекунанд, ширзана
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.